Зумрад
Тоҷикистон, Исфара
  • 217
  • azizov_farkhod
  • 2015-11-20
  • 0

Маҳали гармобшиносии курортӣ дар вилояти Суғд, дар 80 км ба ҷанубу шарқ аз Хуҷанд, дар назди истгоҳи роҳи оҳани Исфара. Дар қисми ҷанубу ғарби водии Фарғона ҷойгир аст. Иқлим хушк аст. Зимистон мулоим, бо кабати барфи ноустовор аст; тобистон беборишу гарм аст. Ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл – 26°С. Бориши солона тахминан 140 мм, асосан дар зимистону баҳор. Рутубати ҳавои нисбии миёнаи солона 34—60% аст.

Фактори муолиҷавии табиии асосӣ — обҳои гарми зеризаминӣ (то 26°С), метанӣ, хлорӣ, натрий, сулфидӣ, борӣ (минералонияш 85—130 г/л). Кони обҳои маъданӣ «Обшифо» (дар соли 1968 кашф карда шуд) дар 39 км ба ғарб аз шаҳри Зумрад ҷой мегирад. Обро барои ванна истеъмол мекунанд. Дар баробари оби маъданӣ ба сифати фактори муолиҷаи табиӣ ҳам лои шифоии сулфидиро, ки аз кӯли Оксукон, 80 км ба шимолу ғарб аз шаҳри Исфара, оварда мешавад, татбиқ мекунанд. Аз соли 1976 осоишгоҳ барои беморони узвҳои ҳаракату такя, системаи асаб ва дилу раг, гинекологӣ, кор мекунад.

 

Андешаҳо: 0
avatar