"Водии Ҳафткўл"
Тоҷикистон, Вилояти Суғд
  • 309
  • kohilohuti002
  • 2016-03-22
  • 0

Дар рўи замин мавзеҳои зиёде мавҷуд аст, ки табиат ба инсон зебоиҳои худро ҷилвагар месозад, вале ба гумон аст, ки чунин ҷойе пайдо шавад, ки дар ҳудуди начандон бузурги миёни ҷинсҳои кўҳии нотакрор, дар доманакўҳҳои барфпўши бо марғзору ҷангалҳо иҳотагардида ва дар зери осмони софу нилгун кўлҳои рангобаранг ҷойгир ва  оби он тобишҳои гуногуне аз ранги сабзи паст то бунафши баланд дошта бошад.

Буриши мураккаби қаторкўҳҳо ва обшавии пиряхҳо тўдаи пораҳои ҷинсҳои кўҳї ва кўҳпораҳоро ба ҳаракат оварда, барои дар дараву мавзеҳои ҷудогона пайдо шудани кўлҳо боис гардидааст. Дар кўҳҳои Фон беш аз 30 кўли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпўши кўҳї сарчашма мегирад. Кўлҳо дар бари кўҳпораҳои наву кўҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавї ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кўлҳои Марғузор ё  Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кўлҳои Марғузор аз ҳафт кўли фирўзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорї мешавад. Онҳоро баъзан яке аз ҳафт мўъҷизаҳои олам низ ном мебаранд. Кўли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кўли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кўлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кўлҳои баландтар  душвортар аст, зеро роҳи  он мушкилгузар аст. Кўли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллї мегўянд, ки ҳар касе аз тамошои он  баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кўлҳои Марғузор ва бахусус кўли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шўхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кўл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.

Дар бораи пайдоиши кўлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рўзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ў ошиқ мешавад. Падари духтар розї буд, ки ўро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ  намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ў ҳеҷ гоҳ  баромада наметавонад, Ҳокими солхўрда гўё аз нерўи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рўз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре  наёфта, дар рўзи тўй бо либоси арўсї аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гўё дар ҷойи фавти ў кўли Мижгон пайдо шуда, кўлҳои дигар аз ашки хоҳарони ў ба вуҷуд омадааст.

Дар муқобили ин ривояти халқї геологҳо мегўянд, ки ин кўлҳо бар асари заминҷунбї арзи вуҷуд кардааст. Қобили зикр аст, ки номи  кўлҳо як маънои рамзие дорад ва ба ҳолату хусусиятҳои он робита дорад. Масалан, яке аз кўлҳо Ҳушёр ном дорад, зеро дар гирду атрофи он  морони заҳрноки хавфнок хеле зиёд гашутугузор мекунанд ва Ҳушёр номидани он шояд бо он сабаб бошад, ки одамонро огоҳ  месозад, то эҳтиёт шаванд. Кўли дигар Ҳазорчашма ном дошта, он аз оби мусаффои ҳазорон чашмаҳо ва дарёчаҳои хурд ба монанди Ҳисору Дарахти Сурх пур мешавад. Дар атрофи кўл дарахтони тўс месабзад. Мегўянд, тухми ин дарахтро ба ин ҷо паррандагон овардаанд. Дар замони қадим аз ин ҷо як шохаи Роҳи Абрешим мегузаштааст.

Кўҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкўҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кўлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, аз ҷумла дарёи Шинг аз миёни водиву дараҳои танги кўҳсорон ҷорї гардида, дар макони обгурези дарёҳо дар кўлҳои дар ин ҳавзабуда танзим мешавад. Дар мавзеи гирду атроф дарахтони тўс, ангат, сафедор, бутаи зирк, настаран, қот ва табулға  руста, кўҳдоман ва дараҳо бо растаниҳои марғзорї, теппагї ва нимбиёбонї, аз қабили сечак, астрагал, пиёз, явшон, пудина, ҳулбўй, тимён ва амсоли ин пўшонида шудааст.

Водии Ҳафткўл натанҳо бо кўҳҳову кўлҳо ва дарёҳояш, балки бо мавзеҳои таърихиву макони муқаддасаш низ машҳур аст. Аз водии Ҳафткўл тавассути ағбаи Товасанг  ба кўлҳои Кўли калон ва Искандаркўл сафар кардан мумкин аст.

Андешаҳо: 0
avatar