Боғи табии "Сарихосор"
Точикистон, Вилояти Хатлон
  • 221
  • kohilohuti002
  • 2016-02-06
  • 0

Табиати мавзеи Сарихосор беназир, нотакрор ва ба худ хос мебошад. Дар шимолу шарқии Вахш ноҳияи Балҷувон дар ҳавзаи рӯди Шӯробдарё воқеъ мебошад. Релефи Сарихосор мураккаб буда, аз ҳамвориҳои аккумулятивӣ, пасткӯҳҳо, суфакӯҳҳои теппадор ва аз миёнакӯҳҳо иборат аст, аз сатҳи баҳр дар баландии 1200-3500 метр ҷойгир шудааст. Хусусиятҳои асосии иқлим ва обу ҳавои ин мавзеъро дар заминаи пойгоҳи обу ҳавосанҷии Ховалинг (1437 м), ки 50 км дур аз мавзеи Сарихосор ҷойгир шудааст, тавсиф намудан мумкин аст.

Давомнокии давраи бесармо 226 шабонарӯз аст. Ҷамъи миёнаи ҳарорати миёнаи шабонарӯзии аз 50С боло 246 рӯз ва аз 100 боло 197 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба 10-130С баробар аст. Аз моҳи июл то моҳи сентябр ҳавои инҷо хушки бебориш аст. Вазидани бод пайваста давом меёбад ва суръати миёнаи он 2,9 м/сония буда, гоҳ гоҳ ба 15 м/сония мерасад. Аз далелҳои боло бар меояд, ки обу ҳавои ин мавзеъ барои зироатпарварии лалми мусоид, барои сабзишу нашъунамои набототи табиӣ хуб ва дар фасли гармии сол барои сайругашт мувофиқ мебошад.
Дар мавзеи боғи табиии Сарихосор хокҳои ҷигарранги карбонатӣ ва муқарари дучор мешаванд. Боигарии олами набототу ҳайвоноти ин мавзеъ солҳои 30-40-уми асри гузашта диққати як қатор олимону муҳққиқонро ба худ ҷалб намуд. Онҳо дар таълифотҳои худ масъала ба миён гузошта буданд, ки бо мақсади ҳифзи табиати мафтункунанда ва нодири ин диёр ташкили парваришгоҳ ва ҳатто мамнӯъгоҳ ба мақсад мувофиқ аст. Ниҳоят соли 1959 дар масоҳати 40 ҳазор га бо мақсади ҳифзи флораю фаунаи (набототу ҳайвоноти) ин диёр парваришгоҳи комплексии Сарихосор таъсис ёфт.
Дар ибтидо ҳадафи ин парваришгоҳ беҳтар намудани фаъолияти хоҷагии шикор дар ҷумҳурӣ будааст. Баъдан андешае пеш гузошта шуд, ки ҳадафи ин парваришгоҳ ҳифзи ҷангали мезофилӣ ба хусус, майдонҳои васеи вазъи табиии худро хубнигоҳдоштаи чормағзу заранг ва сафедорзор бошад. Сонитар ҳадафи парваришгоҳро аз ҳифз ва афзун намудани саршумори нахчир, муфлон, хирс, гуроз, шерпаланг, мурғи ҳилол ва кабк донистанд.

Андешаҳо: 0
avatar