"Чилдухтарон"
Точикистон, Вилояти Хатлон
  • 755
  • kohilohuti002
  • 2016-02-08
  • 0

Кӯҳи Чилдухтарони Хатлонӣ дар ду қисмати Шимолии ноҳияи  Муъминобод ҷойгир шудааст. Ин кӯҳҳои аслан муҷассамаҳои  одаммонандеанд, ки ба худ сиру асрори хосае доранд.Аз ин ҷост, ки онҳоро мардуми Хатлонзамини ҳамонвақта Чилдухтарон ном ниҳодаанд.  Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист.Оиди кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии Хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде сайр дорад. 

Яке онҳоро қиссаи воқеӣ мешуморад, дигаре қиссаи ривоятӣ. Вале муҳим он аст, ки кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз  покдомании занони тоҷик  ривоят мекунанд.

   Дар замонҳои хеле қадим тӯдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурухтаанд. Хусусан духтарони хушлиқоро зуран ба асирӣ мегирифтанд.  Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини  Муъминобод ба ҳуҷум мегузаранд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон мекарданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Ваҳё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш, тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин  бархостанд.Задухурд чанд шабонарӯз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дода, аҳолии беяроқу бепушту паноҳро ба сӯи куҳҳои сарбафалак фишор оварданд. Як қисми душманро  аҳолӣ фиреб карда, худ ба сӯи кӯҳи Пирӣ , Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони  хунхору малъун тоб наоварда, сӯи куҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна, шаъну шарафи занонаашон   ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, сӯи Худои Таъолло рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онхоро ба ин девсифатон рӯ ба рӯ насозанд. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти  олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегардад ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанӯз дар қиёманд.

   Ҳамин аст ривояти воқеии ин куҳҳои сарбафалакашидаю шаъну шарафи занони миллати тоҷикро дар симои   кӯҳи Чилдухтарон то даврони мо оварда расонда.  Ҳамин тавр ин мавзеъро ҳазорҳо сол боз Чилдухтарон меноманд ва бо ҳамин ривоят Тоҷикистонро бисёриҳо  мешиносанд.

 
Андешаҳо: 0
avatar