"Мадрасаи Хоҷа Машҳад"
Тоҷикистон, Вилояти ХАТЛОН
  • 367
  • kohilohuti002
  • 2016-02-13
  • 0

Мадрасаи Хоҷамашҳад, ёдгории меъморӣ дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон (асрҳои 9—12). Ҳоло аз ин ансамбли муҳташам ду бинои гунбазу равоқдори ба ҳампайваст (аз хишти пухта) боқи мондааст. Бннои тарафи рост, ки аз тарафи шарқию ғарбй даромадгоҳ доштааст, қисми қадимтарини ин ёдгорист (асрҳои 9—10). Сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонхо, ки аз хиштҳои моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамин давраанд. 

 Дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоки пештокдори мунаккаше илова гардидааст, ки дар шафати он толори гунбаздоре комат афрохта буд. Ин бино айнан ба биной якум монанд буда, вазифаи масчид ва баъдтар мадрасаро адо мекард. Танхо дарунаш бо усули Мадрасаи Хоҷамашҳад. Деҳаи Сайёдн ноҳияи Шаҳритус. Асрҳои 9—12 ороишии асрҳои 11 — 12 гаҷкорй шудааст. Накшунигори руи иморат ҳам дар ҳамин давр анҷом ёфтааст. Дар ду гушаи ин биноҳо гулдастаҳои начандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил (шимолй) низ ду бинои гунбаздори на он қадар калон (аз хишти хом ва похса) пушида шуд, ки мисли бинои кисми чап ва асосии ансамбл буд. Даромадгоҳи он низ пештоқ ,др.шт. Мадрасаи Хоҷамашҳад ҳамчун мадрасаи қадимтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихй дорад ва яке аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад, Мадрасаи Хоҷамашҳад дар муҳофнзати давлат аст.

Андешаҳо: 0
avatar