"Гарм Чашма"
Точикистон, ВМКБ
  • 221
  • kohilohuti002
  • 2016-02-06
  • 0

Манбаи минералии "Гарм-Чашма" дар водии рӯди ҳамном - 42 километрии ҷанубии шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим, ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Шоҳдара дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масрафи умумии оби нӯҳ чашмаи ин ҷо ба 7 л/с расида, ҳарораташ аз 47 то 620С-ро ташкил медиҳад.

Маъданнокиаш 3,4 г/л, дар таркиби об 37 навъи моддаҳои химиявӣ муайян шудааст. Ба ин қабил маҳлулҳо гидрокарбонат, намаки ош, маҳлулҳои сулфур, оҳан, гази карбон ва ғайра шомиланд.Дар як литр оби Гармчашма 170 миллиграмм сулфиди гидроген, 135 миллиграмм кислотаи силикат ва 381 миллиграмм гази карбонат мавҷуд аст. Инчунин дар таркиби оби Гармчашма оҳан, алюминий, магний, стронсий, фтор мавҷуд буда, хосияти табобатии ин оби маъданиро баланд бардоштааст. Оби Гармчашма хосияти ишқорӣ дошта, аз он ба миқодори зиёд газҳои СО2 ва H2S ҷудо мешавад. Миқдори СО2 ҳангоми аз сӯрохи берун баромадани об ба 400 – 500 мг/л расида, ишқорнокиаш – РН ба 6,4 баробар аст. Зиёд будани миқдори гази карбонат ва ҳарорати баланд доштани об онро ба нарзанҳои нодир дохил менамоянд. Аз ин ҷиҳат ба чашмаҳои Пятигорск ва Железноводск наздик аст. Оби Гармчашма аз байни санги садафини масомадор фаввора зада, то 1,2 м баланд мебарояд. Таркиби такшониҳои сангшуда аз карбонати калсий (оҳак) иборат аст ва суффачаҳои аз он ташкилёфта басо дилрабоянд.

Андешаҳо: 0
avatar