"Ҳисор Қалъаи Ҳисор"
Тоҷикстон, Ноҳияи Тобеъ
  • 316
  • kohilohuti002
  • 2016-03-25
  • 0

Ҳисор
Дар 30 километрии шаҳри Душанбе (4-5 километр дуртар аз шаҳраки Ҳисор) яке аз ҷойҳои тамошобобу шоёни диққати Тоҷикистон - мамнўъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор ҷойгир шудааст.  Зери ин ном ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории давраҳои гуногун, ки дар майдони  86 гектар воқеъанд, муттаҳид шудаанд.
Макони ҷойгиршавии мамнўъгоҳ  водии Ҳисор буда, пастхамие мебошад, ки аз паҳлўи он дарёҳои Кофарниҳон, Қаротоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Ҳаёт дар ин ҷойҳо ҳанўз дар асри сангӣ, асрҳои IV-III-и то давраи мелод оғоз гардидааст. Баъдтар қаламрави водӣ ба ҳайати Бохтар (Бактрия), сипас ба ҳайати давлатҳои Бохтару Юнониён ва Кўшониён дохил мешавад. Ба ин боқимондаҳои  шаҳракҳо ва маҳаллаҳои қадимаи зист, ки бостоншиносон дарёфт кардаанд, гувоҳӣ медиҳад. Имрўз аз онҳо танҳо хоктеппаҳои доирамонанд, ки «теппа» номида мешаванд, боқӣ мондаасту халос. Дар асрҳои миёна Ҳисор ҳамчун шаҳри ҳунармандону маркази харидуфурўш (бозор) маъруф буд. Дар асрҳои XVIII-XIX он ба бекигарии Ҳисор табдил ёфт, ки яке аз 28 макони мутааллиқ ба Аморати Бухоро маҳсуб мегардид. Аз  ҳамон давра Қалъаи Ҳисор боқӣ мондааст, ки имрўз ба осорхона дар ҳавои кушод табдил дода шудааст.
Охири солҳои 80-уми асри XX дар Ҳисор маҷмааи мамнўъгоҳи нодири фарҳангиву таърихӣ бунёд гардид. Ба ин маҷмаа иншооти зерин дохил мешавад:
1. Қалъаи  Ҳисор бо пештоқҳояш (дарвозаҳояш). Он бо тарзи дастӣ 2500 сол қабл сохта шудааст. Арк – ин дарвозаи асосӣ аст.  Дарвозаҳо дар асри XVI сохта шуда, имрўз пурра аз нав барқарор карда шудааст;
2. Регистон (майдони назди Қалъа);
3. Мадрасаи кўҳна. Муассисаи таълимии асримиёнагӣ, дар асри XVI бунёд шуда, майдони мадраса 2250 метри мураббаро ташкил медиҳад;
4. Мадрасаи нав;
5. Корвонсарой. (меҳмонхона). Корвонсаройи хиштӣ дар соли 1808, дар замони салтанати Саидбӣ Атолиқ сохта шуда, ба сифати меҳмонхона истифода мегардид;
6. Масҷиди «Чашмаи моҳиён» (Масҷиди «Сангӣ»). Дар асри VIII сохта шудааст. Ду даҳлез ва манора дар асри XIV бунёд гардида, айни замон комилан барқарор карда шудааст;
7. Масҷиди «Сангин»;
8. Мақбараи «Махдуми Аъзам». Ёдгории таърихии асри XVI маҳсуб гардида, дар ҷойи қабри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳайвоқӣ сохта шудааст. Майдони мақбара – 609 метри мураббаро ташкил медиҳад;
9. Осорхонаи таърихӣ, ки дар бинои Мадрасаи кўҳна ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо бо миқдори беш аз 3200 нусха ёдгориҳои нодир ва нигораҳое, ки ҳангоми ҷустуҷўйҳо дар қаламрави Ҳисор ба берун аз он бозёфт гардидаас,  ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Қалъаи Ҳисор
Собиқ қароргоҳи бек, сарнишондаи амири Бухоро дар 26 километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст. Қалъаи деворҳои ғафсиаш 1 метр бо сангарҳои тирпарронӣ ва тўпҳо аз ҷониби посбонҳо  таҳти муҳофизат қарор гирифта буд. Дар дохили қалъа ҳавз ва боғ мавҷуд аст. Зинаҳои бузург ва пешайвонҳо, ки аз хишт сохта шудааст, ба даромадгоҳи асосӣ роҳ  мекушояд. Мутаассифона, то рўзҳои мо ин зинаҳо ва бинои қалъа низ боқӣ намондааст. Ягона чизи  ҷолибе, ки аз қалъаи мазкур боқӣ мондааст – дарвозаҳои пуршукўҳи пештоқдори аз хишт сохташуда бо ду манораи устувондор аст, ки дар асрҳои XVII-XIX аксари дарвозаҳои Бухоро бо ин тарз сохта мешуд. Вале, ҳамин қисмати боқимондаи қаср низ хеле пуршукўҳу назаррабо ҷилвагар мегардад. Дар рў ба рўи қалъа бозори пуршўру сермағал бо корвонсарой ва  фурўшгоҳҳо мавҷуд буд. Дар муқобили даромадгоҳи қалъа Мадраси кўҳнаи дар асри XVII сохташуда боқӣ мондааст, ки дарт он Қуръонро меомӯхтанд. Дар назди  он Мадрасаи нав, дар асри XVIII-XIX  ва мақбараи дар асри XVI-XVII сохташуда мавҷуд аст. Ба таърихи пайдоиши Қалъаи Ҳисор якчанд ривоятҳоро мансуб медонанд, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро тасдиқ менамоянд. Мувофиқи яке аз ин ривоятҳо, қалъаро Афросиёб барои муҳофизат аз Рустам (қаҳрамони достони «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ) сохтааст. Ривояти дигар чунин аси, ки  халифаи тақводор Алӣ бо аспи худ Дул-Дул ба ин ҷо баҳри тарғиби дини ислом омада, дар кўҳе маскан гузидааст, ки имрўз номи Пои Дул-Дулро дорад (дар ғарби Ҳисор). Ӯ чун дорбози чолок аз кўҳ  вориди қалъа мегардад, вале ўро шинохта, асир мегиранд. Аспи вафодораш шамшери Зулфиқорро ба ў  меорад ва бо ин шамшер тамоми душманон, аз ҷумла ҷодугари он замон соҳиби ин қаср бударо низ ба қатл мерасонад. Дар канори қалъа ду чинор қомат афрохтаанд, ки тақрибан 500-700-сол умр дорад.
Мадрасаи кӯҳна ва нав.
Мадрасаи кӯҳна бинои хиштии дар асрҳои XVI-XVII сохташуда бо даромадгоҳи асосӣ буда, бо гунбаз ба итмом расонида шудааст. Ҳангоми ба даруг ворид шудаг дартпеши назар  ҳавлии васее намудор мешпавад, ки гирдогирди онро ҳуҷраҳо иҳота кардааст. Ҳануӯз дар авали асри ХХ дар ин ҷо аз 100 то 150 толдибилм таҳсил мекард.Дарсҳо соли 1921 қатъ карда шуд. Ҳамчунин дар Мадрасаи кӯҳна бинои китобхона ҳифз шудааст. Мадрасаи нав, ки дар асрҳои XVII-XVIII бино ёфтааст, мутаассифона қариб ба пуррагӣ хароб шудааст. Аз он танҳо намои дуқабата боқӣ мондаасту халос.
Дар паҳлӯи Мадрасаи кӯҳна  мақбараи Махдуми Аъзам (асрҳои XVI-XVII) ҷойгир шудааст. Махдуми Аъзам ин ном набуда, балки лақаб ва ё унвонро ифода мекунад. Аҷиб он аст, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ чандин маҷмааҳо бо ин ном  мавҷуд аст, ки онҳоро бо одамони гуногуни воқеӣ, арбобони давлатӣ ва ё динӣ пайванд медонанд. Дар мақбараи Ҳисор кӣ гӯронида шудааст, то ҳол муаммост, вале тахминан ин гӯри Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳайвоқӣ аст.
Боз як бинои ҷолиби диққати маҷмааи Ҳисор ин корвонсаройи «Хиштин» аст. Дар асри ХХ аз корвонсарой боқимондаҳои ҷудогонаи пойдевор ва деворҳо, ки баландиашон қариб 1 метр буда, аз хишти пӯхта сохта шудааст, боқӣ мондаасту халос. Намуди аввалаи он танҳо дар расме, ки соли 1913 аккосӣ карда шудааст, боқӣ мондааст, ки аз рӯи он корвонсарой аз нав барқарор карда шудааст.
Ёдгории шоёни диққати мамнӯъгоҳи  Ҳисор ин масҷиди гунбаздори «Сангин» (асрҳои ХII –XVI) ба ҳисоб меравад. Масҷид барои он Сангин ном гирифтааст, ки деворҳои он то ба нисф аз санг сохта шудааст. Ба гунбази масҷид чор кӯзаи сафолини бетаг барбаста шудааст. Ҳамин тавр резонанскунандаи аслӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки он барои беҳтар намудани қобилияти садодиҳии бино пешбинӣ гардидааст.

Андешаҳо: 0
avatar