Хоҷа Оби Гарм
Тоҷикистон, ноҳияи тобеи марказ
  • 276
  • azizov_farkhod
  • 2015-11-20
  • 0

Осоишгоҳи гармобшиносӣ, 48 км ба шимол аз Душанбе. Дар қисми марказии нишебии ҷанубии каторқӯҳи Ҳисор, дар дараи дарёи Хоҷа Оби Гарм, дар баландии нисбати 1740-1960 метр ҷой мегирад.

Иқлимаш хушк аст. Зимистон мулоим, бо қабати барфи устувор аст. Тобистон хеле гарм аст. Ҳарорати миёнаи январ — 2°, июл — 24°. Баҳор ва тирамоҳ тез мегузаранд. Миқдори бориши солона аз 800 то 1450 мм, асосан дар ноябр-май. Рутубати миёнаи нисбии солона 49-57%. Миқдори соатҳои дурахши офтоби солона 2500-3000 соат.

Атрофи хушманзараи курорт, растаниҳои дарахту бутта, шаршараю шалолаҳои дарёҳои кӯҳӣ барои истироҳат шароитҳои мусоид муҳайё мекунанд. Ғайр аз иқлими кӯҳӣ дар миёни омилҳои табии асосӣ обҳои гарми зеризаминии маъданӣ ҳастанд. Онҳоро барои ванна, душ ва обёрӣ истифода мекунанд. Барои мақсадҳои табобатӣ буғи ҳақиқие, ки ба сатҳи замин озодона мебарояд, ҳам истеъмол мекунанд.

Осоишгоҳи қасбӣ (370 ҷой) барои касалҳои узвҳои хунгардӣ, ҳаракат ва истинод, системаи асаб, гинекологӣ кор мекунад.

Курорт дар соли 1935 ташкил шуд.

Андешаҳо: 0
avatar