sayoh21.com
EN   RU   TJ            Даромадан   Сабти ном      





Гулистон (собиқ ш. Қайроқум) — шаҳр дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд. Шаҳр дар соҳили дарёи Сир, дар масофаи 15 км аз ш. Хуҷанд вокеъ аст.
Таърих
Дар охири ҳазорсолаи III ва дар аввали ҳазорсолаи II то милод, дар соҳили рости дарёи Сир, дар тарафи ғарбии Хуҷанди ҳозира, дар нимбиёбони Қайроққум қабилаҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Онҳо асосан ба чорводори, кишоварзи ва оҳангари машгул буданд. Дар асрҳои VI ва V то милод ин кабилаҳо ба давлати Ҳахоманишиён вобастаги доштанд. Дар асри IV то милод бошад Искандари Макдунӣ ба Ҳахоманишиён ҳамла карда, онро забт карда гирифт. Дар асрҳои дигар низ ба ин замин, ки холо дар ончо шаҳри Кайроккум ҷойгир аст, кабилаҳои Араб дар асрҳои VIII то милод, мугулҳо дар асри VIII ҳамла карданд.
Шаҳри Гулистон (Қайроққум) дар масофаи 15 км аз ш. Хуҷанд вокеъ аст. Бо номи Қайроққум ҳамчун шаҳр санаи 4 январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 номи шаҳр ба Гулистон иваз шудааст. Масоҳаташ 13525,6 га мебошад. Аҳолии шаҳр беш аз 41 700 нафарро ташкил медиҳад. Зичии он дар 1 км. мураббаъ 308,4 нафар аст.
Мавқеи ҷойгиршавӣ
Гулистон (Қайроққум) дар ҷое, ки табиаташ зебо, дар соҳили баҳри тоҷик ҷойгир шудааст. Аз қадим бо ҷойҳои истироҳатӣ ва осишгоҳҳои бачагонаи худ машҳур аст. Гулистон (Қайроққум) дар баландии 450м аз сатхи бахр ҷойгир шудааст. Ба ш. Гулистон (Қайроққум) инчунин шаҳракҳои Консой, Навгарзан, Адрасмон, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Сирдарё, ки аз шаҳр дар масофаи то 260 км дуртар ҷойгир шудаанд, дохил мешаванд. Зимистонаш кутоҳи хунук, тобистонаш гарм аст. Соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» манзараи бисёр ҳам зебо дорад, барои истироҳат ҷои хуб аст. Дар фасли зимистон барф кам меборад, ки баландии он 2-5 см ташкил медихад. Барф ба замин нарасида тез об мешавад. Дар солҳои 1951 — 1957 дар ин шаҳр НБО "Дустии халқҳо" дар дарёи Сир сохта шуда буд, ва ин ба машҳур шудани шаҳр мусоидат кард.
Истироҳатгоҳҳо
Обанбори «Баҳри тоҷик» Шаҳри Гулистон (Қайроққум)ро инчунин шаҳри туризм ва истироҳат низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва соҳавии мухталиф фаъолият доранд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари кишвар ва дунё барои истироҳат ва табобат дар боду ҳавои тоза ба ин мавзеи хушманзараи табиӣ меоянд. 15 — истироҳатгоҳ ҳар тобистон дарҳои худро барои меҳмонон боз мекунанд, ки ин истироҳатгоҳи “Шифо’’ ва осоишгоҳҳои "Баҳористон" ва "Соҳил" мебошанд. Дар онҷо одамон метавонанд табобат ва истироҳат кунанд.



Искандаркӯл - яке кӯлҳои зебоӣ Тоҷикистон мебошад. Искандаркӯл дар баландии 2195 - 2200м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад: аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 180, зимистон ях мекунад.
Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.
Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.
Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» - маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кўҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.
Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.



Хатсайри "Ҷавонон"
Ҷамшави дар назди бинои муассиса ва ҳаракат ба самти хатсайр аз (соати 7:00).
-Тамошои Боғи С.Айнӣ
-Тамошои Боғи ИРАМ
-Тамошои Боғи А.Рӯдакӣ
-Тамошои Осорхонаи Миллӣ
-Хуроки Нисфирузӣ (соати 12:00)
-Тамошои Боғи Ҳайвонот
-Тамошои Кули Ҷавонон
-Тамошои Кохи Наврузгоҳ
-Тамошои Боғи Пойтахт
Дохил мешавад:
Наклёт, Хурока, Экскурсия
Намуди хатсайр: Гуруҳӣ (20 нафар)
Нарх- 120 сомон барои як нафар
Маблағҳои иловаги аз тарафи муштари пардохт карда мешавад:
Бозии Боулинг дар Кохи Навруз
Истифодаи Атраксионхои боғи Пойтахт
Истифодаи катамаранхои Кули Ҷавонон



Чилдухтарон - номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.
Олиҳаи зебоӣ Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист.
Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.



Маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафед-Дара» бо номи «Сафедорак» соли 1976 таъсис ёфта, 40 боз дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва яхмолак фаъолият карда истодааст. Мавзеи мазкур дар замони ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои истироҳати зимистонаи аҳолӣ ва рушди варзиши намуди зимистон ташкил ёфтаст. Сафед­-Дара дар масофаи 70 км аз шаҳри Душанбе­ — пойтахти мамлакат, дар ҷамоати деҳоти Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ мебошад. Зимнан, дар мавзеи мазкур баргузории чорабиниҳои гуногуни варзиши, аз қабили чемпионатҳо, тамрини дастаҳои мунтахаби ИҶШС (СССР) ва ғайра ба ҳукми анъана даромада буданд. Аммо бо мурури замон ва пешорӯ омадани бӯҳронҳои гуногуни сиёсию амниятӣ (ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) ин мавзеъ ба корношоямӣ рӯ оварда, даҳсолаи охир (то с.2016) камфаъол гардида буд. Бо таваҷҷуҳ ва пайгириҳои пайваста 28 декабри соли 2016 Сафед-Дара, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Сафед-Дара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар буда, ҳар сол то се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ба онҷо ташриф меоранд. Иқлими мусоиди ин мавзуъ имкон медиҳад, ки яхмолак — варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад. Дар Сафед-Дара ду роҳи танобӣ дар масофаи 2000 метр ташкил гардида, 140 адад воситаи (василаи) болобарандаи одамон (бугел) барои хизматрасонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ин роҳҳои танобӣ, ки бо воситаҳои равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, барои хизматрасонӣ дар шабонгоҳ них муносиб мебошанд. Ҳамчунин, дар масофаи 2027 метр роҳи ҳаракати ҳавоӣ (болобарандаи кабинавӣ) сохта шудааст, ки 32 адад кабина дошта, ғунҷоиши ҳар кадом 8 нафар/ҷой мебошад. Дар ин мавзеъ маркази варзишӣ низ бо 60 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи Сафед-Дара барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо бошад, барои хизмат ба 120 нафар дар як вақт амал мекунанд.

<пред 1 2след>


Обу ҳаво

Яндекс.Погода

Курс валют

Омори сомона:

Боздиди имрӯз: 272 маротиба
Боздиди дерӯз: 356 маротиба
Афроди онлайн: 3 нафар
Ҳама боздидҳо: 30646 маротиба




       
Copyright © 2019 sayoh21.com Сохта шуд тавассути Order website