sayoh21.com
EN   RU   TJ            Даромадан   Сабти ном      



Cафед-Дара


Маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафед-Дара» бо номи «Сафедорак» соли 1976 таъсис ёфта, 40 боз дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва яхмолак фаъолият карда истодааст. Мавзеи мазкур дар замони ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои истироҳати зимистонаи аҳолӣ ва рушди варзиши намуди зимистон ташкил ёфтаст. Сафед­-Дара дар масофаи 70 км аз шаҳри Душанбе­ — пойтахти мамлакат, дар ҷамоати деҳоти Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ мебошад. Зимнан, дар мавзеи мазкур баргузории чорабиниҳои гуногуни варзиши, аз қабили чемпионатҳо, тамрини дастаҳои мунтахаби ИҶШС (СССР) ва ғайра ба ҳукми анъана даромада буданд. Аммо бо мурури замон ва пешорӯ омадани бӯҳронҳои гуногуни сиёсию амниятӣ (ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) ин мавзеъ ба корношоямӣ рӯ оварда, даҳсолаи охир (то с.2016) камфаъол гардида буд. Бо таваҷҷуҳ ва пайгириҳои пайваста 28 декабри соли 2016 Сафед-Дара, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Сафед-Дара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар буда, ҳар сол то се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ба онҷо ташриф меоранд. Иқлими мусоиди ин мавзуъ имкон медиҳад, ки яхмолак — варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад. Дар Сафед-Дара ду роҳи танобӣ дар масофаи 2000 метр ташкил гардида, 140 адад воситаи (василаи) болобарандаи одамон (бугел) барои хизматрасонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ин роҳҳои танобӣ, ки бо воситаҳои равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, барои хизматрасонӣ дар шабонгоҳ них муносиб мебошанд. Ҳамчунин, дар масофаи 2027 метр роҳи ҳаракати ҳавоӣ (болобарандаи кабинавӣ) сохта шудааст, ки 32 адад кабина дошта, ғунҷоиши ҳар кадом 8 нафар/ҷой мебошад. Дар ин мавзеъ маркази варзишӣ низ бо 60 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи Сафед-Дара барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо бошад, барои хизмат ба 120 нафар дар як вақт амал мекунанд.
Баргаштан


Назароти шумо

Назароти худро бинависед!




Обу ҳаво

Яндекс.Погода

Курс валют

Омори сомона:

Боздиди имрӯз: 13 маротиба
Боздиди дерӯз: 18 маротиба
Афроди онлайн: 2 нафар
Ҳама боздидҳо: 2623 маротиба




       
Copyright © 2018 sayoh21.com Сохта шуд тавассути Order website