sayoh21.com
EN   RU   TJ            Даромадан   Сабти ном      



Норак


Норак – шаҳри энергетикҳо дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз хафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари хамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1990 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак хамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид
Минтақаи сайёҳӣ Шаҳри Норак дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳонӣ хориҷӣ мусоидат менамояд. Табиати хос, кӯлу чашмаҳо ва оби ошомидании табобатӣ аз мавзеъҳои истироҳатӣ ҷолиби диққат буда, мавқеи махсусро дар рушди туризми кишвар ишғол намуда метавонад. Дар шаҳр се меҳмонхонаи хусусӣ фаъолият мекунад, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Моҳе чор маротиба аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ба оромгоҳҳои бузургон, ки дар шаҳри Норак ҷойгиранд зиёда аз 300 нафар одамон барои зиёрат меоянд. Цисми зиёди меҳмонон аз нерӯгоҳҳои НБО–и Норак, Бойғозӣ, Обанбор дидан мекунанд. Барои ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва ба нақшагирӣ дар самти туризм дар шаҳри Норак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.
Дар мавзеи «Дараи Пехо» истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи «Офтобак» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандагонро дар мавсими тобистон фаро мегарад. Барои шароити хуби алоқа фароҳам овардан ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шабакаҳои мобилии «Вавилон», «МЛТ», «Индиго», «ТК мобайл», «Билайн» ва «Тоҷиктелеком» фаъолият доранд. Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ китобчаҳои таърихӣ ба роҳ монда шуд.
Дар шаҳр як варзишгоҳ дорои 1500 ҷойи нишаст, 15 майдони баскетбол, 26 майдони волейбол, 1 майдони тӯби дастӣ, 11 майдончаҳои футбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 7 толори варзишӣ мавҷуд мебошад. Бо мақсади ба минтақаи туризми истироҳатӣ дохил намудани шаҳри Норак ба мақомотҳои дахлдорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 21 августи соли 2009 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2009 муроҷиат намуда, барномаи мукаммали «Рушди туризми истироҳатӣ барои солҳои 2010–2014» пешниҳод намудааст.
Баргаштан




Обу ҳаво

Яндекс.Погода

Курс валют

Омори сомона:

Боздиди имрӯз: 19 маротиба
Боздиди дерӯз: 10 маротиба
Афроди онлайн: 1 нафар
Ҳама боздидҳо: 11169 маротиба




       
Copyright © 2019 sayoh21.com Сохта шуд тавассути Order website