sayoh21.com
EN   RU   TJ            Даромадан   Сабти ном      


Федератсияи Русия



Маълумот

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми шарқии Аврупо ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 1922—1991 РСФСР буд, ҳамчун яке аз 15 ҷумҳуриҳои СССР. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белоруссия гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Москва аст. Ах моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русияро — Дмитрий Анатолевич Медведев ишғол мекунанд. Аҳолии Русия — 142 856 536 нафар тан (ба ҳисоби 1 январи соли 2010, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳамин ҷо сукунат мекунад). Дар соли 2016 зиёда аз 146 млн нафар тан. Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки роли мӯҳимро бозад, ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё. Ба ҳайати Федератсияи Русия — 85 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 46 — вилоят, 22 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд. Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд. Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.


Минтақаҳои сайёҳӣ


Ҳамаи саҳифаҳо:0
Саҳифаи:0


Обу ҳаво

Яндекс.Погода

Курс валют

Омори сомона:

Боздиди имрӯз: 61 маротиба
Боздиди дерӯз: 31 маротиба
Афроди онлайн: 1 нафар
Ҳама боздидҳо: 3239 маротиба




       
Copyright © 2018 sayoh21.com Сохта шуд тавассути Order website