sayoh21.com
EN   RU   TJ            Даромадан   Сабти ном      


Ҷумҳӯрии Тоҷикистон



Маълумот

Тоҷикистон — кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.
Паҳноварии ин кишвар 142 600 км²[8] (93-ум дар ҷаҳон)[9] аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2018 дар Тоҷикистон 8 931 200 нафар тан бошанда буд, ки дар шаҳрҳо 2 354 200 нафар ва деҳот 6 577 000 нафар зиндагӣ доштаанд[10]. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани санаи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион мерасонад, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шуд.


Минтақаҳои сайёҳӣ


Хатсайри Чавонон


Хатсайри "Ҷавонон"
Ҷамшави дар назди бинои муассиса ва ҳаракат ба самти хатсайр аз (соати 7:00).
-Тамошои Боғи С.Айнӣ
-Тамошои Боғи ИРАМ
-Тамошои Боғи А.Рӯдакӣ
-Тамошои Осорхонаи Миллӣ
-Хуроки Нисфирузӣ (соати 12:00)
-Тамошои Боғи Ҳайвонот
-Тамошои Кули Ҷавонон
-Тамошои Кохи Наврузгоҳ
-Тамошои Боғи Пойтахт
Дохил мешавад:
Наклёт, Хурока, Экскурсия
Намуди хатсайр: Гуруҳӣ (20 нафар)
Нарх- 120 сомон барои як нафар
Маблағҳои иловаги аз тарафи муштари пардохт карда мешавад:
Бозии Боулинг дар Кохи Навруз
Истифодаи Атраксионхои боғи Пойтахт
Истифодаи катамаранхои Кули Ҷавонон

Шарҳ->>
Чилдухтарон


Чилдухтарон - номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.
Олиҳаи зебоӣ Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист.
Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Шарҳ->>
Cафед-Дара


Маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафед-Дара» бо номи «Сафедорак» соли 1976 таъсис ёфта, 40 боз дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва яхмолак фаъолият карда истодааст. Мавзеи мазкур дар замони ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои истироҳати зимистонаи аҳолӣ ва рушди варзиши намуди зимистон ташкил ёфтаст. Сафед­-Дара дар масофаи 70 км аз шаҳри Душанбе­ — пойтахти мамлакат, дар ҷамоати деҳоти Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ мебошад. Зимнан, дар мавзеи мазкур баргузории чорабиниҳои гуногуни варзиши, аз қабили чемпионатҳо, тамрини дастаҳои мунтахаби ИҶШС (СССР) ва ғайра ба ҳукми анъана даромада буданд. Аммо бо мурури замон ва пешорӯ омадани бӯҳронҳои гуногуни сиёсию амниятӣ (ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) ин мавзеъ ба корношоямӣ рӯ оварда, даҳсолаи охир (то с.2016) камфаъол гардида буд. Бо таваҷҷуҳ ва пайгириҳои пайваста 28 декабри соли 2016 Сафед-Дара, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Сафед-Дара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар буда, ҳар сол то се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ба онҷо ташриф меоранд. Иқлими мусоиди ин мавзуъ имкон медиҳад, ки яхмолак — варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад. Дар Сафед-Дара ду роҳи танобӣ дар масофаи 2000 метр ташкил гардида, 140 адад воситаи (василаи) болобарандаи одамон (бугел) барои хизматрасонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ин роҳҳои танобӣ, ки бо воситаҳои равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, барои хизматрасонӣ дар шабонгоҳ них муносиб мебошанд. Ҳамчунин, дар масофаи 2027 метр роҳи ҳаракати ҳавоӣ (болобарандаи кабинавӣ) сохта шудааст, ки 32 адад кабина дошта, ғунҷоиши ҳар кадом 8 нафар/ҷой мебошад. Дар ин мавзеъ маркази варзишӣ низ бо 60 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи Сафед-Дара барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо бошад, барои хизмат ба 120 нафар дар як вақт амал мекунанд.

Шарҳ->>
Ҳамаи саҳифаҳо:0
Саҳифаи:0


Обу ҳаво

Яндекс.Погода

Курс валют

Омори сомона:

Боздиди имрӯз: 11 маротиба
Боздиди дерӯз: 5 маротиба
Афроди онлайн: 2 нафар
Ҳама боздидҳо: 2153 маротиба




       
Copyright © 2018 sayoh21.com Designed by Order website